Вайгаҷ
Зоҳир
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Nenets Autonomous Okrug[d] |
Минтақаи замонӣ | UTC+4 |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси яхбастаи шимолӣ[1], Баҳри Баренсево[1] ва Баҳри Кар[1] |
Шумораи аҳолӣ |
|
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 157 м |
Дарозӣ |
|
Бар | 45 км |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вайгаҷ — ҷазира дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар сарҳадди баҳрҳои Баренс ва Кара; аз соҳили материк бо гул. Югорский Шар ва аз Замини Нав бо гул. Дарвозаи Кара ҷудо мешавад. Масоҳаташ 3383 км², дарозиаш қариб 100 км, бараш то 45 км. Сатҳаш ҳамвор, дар қисми марказӣ 2 қатортеппа мавҷуд аст, ки баландии ҳар кадоми он то 157 м мебошад. Аз варақсангҳои гилӣ, регсанг, оҳаксанг таркиб ёфтааст. Набототи тундрагӣ дорад. Дарёҳояш кӯтоҳ буда, шаршараҳои фаровон доранд. Ботлоқ ва кӯлҳои хурд бисёранд. Маҳалҳои аҳолинишинаш: Вайгаҷ, Долгая Губа ва Варнек. Дар Вайгаҷ тундраи арктикӣ ва Пойгоҳи қутбӣ (1950) мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Вайгач (рус.) // Большая советская энциклопедия / под ред. О. Ю. Шмидт — 1 — М.: Акционерное общество «Советская энциклопедия», 1920.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вайгаҷ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.