Jump to content

Албания

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Албания
Republika e Shqipërisë
Парчам Нишон
Шиор: «Ti, Shqipëri, më jep nder, më jep emrin Shqiptar
Ту эй Албания ба ман бузургворӣ бахш, ба ман номи албанӣ бахш»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Албания|Hymni i Flamurit
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Империяи Усмонӣ)
Забони расмӣ албанӣ
Пойтахт Тирана
Шаҳри калонтарин Тирана, Шкодер, Влёра, Дуррес, Элбасан
Идораи давлат Ҷумҳурии парламентӣ
Президент Буяр Нишани
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
139-ум ҷой дар ҷaҳон
28 748 км²
4.7% %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2011)
  • Зичӣ
130-ум ҷой дар ҷaҳон
2 831 741
98,4 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2014)
  • Ба сари аҳолӣ
115-ум ҷой дар ҷaҳон
31 млрд $
11400 $
Пули миллӣ лек (ALB)
Интернет-Домен .al
Коди телефон +355
Соат UTC +1
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}


Алба́ния (албанӣ: Shqipëria), номи пурраи расмӣ — Ҷумҳу́рии Алба́ния (албанӣ: Republika e Shqipërisë [ɾɛpuˈblika ɛ ʃcipəˈɾiːs]) — давлат дар Аврупо, дар қисми ғарбии нимҷазираи Балкан ва қисми ҷанубии Аврупо. Албания дар шимолу шарқ бо Косово ва Сербия, дар шимолу ғарб бо Черногория, дар шарқ бо Мақдунияи Шимолӣ, дар ҷанубу шарқ бо Юнон ҳамсарҳад буда, соҳилҳои қисми ғарбӣ ва ҷан. ғарбии онро баҳрҳои Адриатика ва Ион фаро гирифтаанд. Масоҳаташ 28748 км2. Аҳолиаш 3,64 млн нафар (июли 2009). Пойтахташ – шаҳри Тирана (360 ҳазор нафар). Шаҳрҳои калонтарин – Дуррес, Элбасан, Шкодер. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 12 ретӣ (вилоят) ва 36 округ тақсим шудааст. Воҳиди пулӣ – лек.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Албания – ҷумҳурии парламентӣ. Мақоми олии ҳокимияти давлатӣ – Ассамблеяи Халқӣ (Кувенд)-и якпалатагӣ (онро аҳолӣ ба муҳлати 4 сол интихоб мекунад). Сарвари давлат – Президентро Ассамблеяи Халқӣ ба муддати 5 сол интихоб мекунад. Мақоми олии иҷроия – Шӯрои вазирон бо сарварии сарвазир буда, онро Президент таъйин менамояд. Ҳокимияти судӣ: Суди олӣ, раиси онро парламент ба муддати 4 сол интихоб мекунад. Ҳизбҳои маъруф: Ҳизби сотсиалистии Алба-ния ва Ҳизби демократии Албания. Албания – узви СММ, Иттиҳоди Европа, НАТО (2009), САҲА (ОБСЕ), Ташкилоти ҳамкории иқтисодии Баҳри Сиёҳ.

Бо вуҷуди кам будани масоҳаташ ҳудуди Албания ландшафт ва табиати гуногун дорад. Релйефи онро ба қисматҳои ҳамвории аккумулятивии наздисоҳилӣ, кӯҳҳои ҷанубии Албания, кӯҳҳои дохилӣ ва шимолӣ бо номи Алпҳои Албания ҷудо мекунанд. Ҳамвории наздисоҳилӣ сертеппа буда, ба масофаи 200 км – аз кӯли Шкодер ба самти шимол то халиҷи Влёра тӯл кашидааст, ки аз 20 то 30 км паҳноӣ дорад. Ҳамворӣ аз ҷануб, шарқ. ва шимол бо қаторкӯҳҳои начандон баланди (2000 – 2400 м) чиндори алпӣ ва массивҳои Алпи Шимолии Албания (Проклетие), Томорӣ, Корабӣ (нуқтаи баландтаринаш 2764 м) иҳота шудааст. Ин кӯҳҳо аз ҳам ҷудо буда, хамиҳои бисёре доранд. Дар ин ноҳияи кӯҳсор ҳодисаҳои карстӣ хеле ривоҷ дошта, заминҷунбӣ низ ҳамеша такрор меёбад. Сарватҳои асосии зеризаминӣ: хромит, маъдани оҳану никел, боксит, нефт, гази табиӣ, битуми табиӣ ва ангишти сиёҳтоб. Аз масолеҳи сохтмонӣ оҳаксанг, маргел, мармар ва регҳои сохтмонӣ хеле зиёд буда, дар ноҳияҳои дохилӣ ва ҷанубии Албания чашмаҳои зиёди оби маъданӣ мавҷуданд.

Иқлими Албания субтропикии баҳримиёназаминӣ мебошад. Соҳилҳои баҳрӣ аз анбӯҳи ҳавои сарди шимол ғарбӣ бо кӯҳҳои Алп ҳимоя мешаванд. Ҳарорати миёнаи моҳи январӣ дар водиҳои наздисоҳилӣ 8 – 9°С (дар кӯҳистон нисбатан сард), ҳарорати миёнаи июл 22 – 25°С. Албания дар ҳудуди Европа сербориштарин мебошад. Бориши солона дар ноҳияҳои наздисоҳилӣ ба 800 – 1000 мм, дар доманакӯҳҳо ба 1500 – 2000 мм ва дар водиҳои байникӯҳӣ ба 650 – 750 мм мерасад. Бештари бориш дар охири тирамоҳ ва аввари зимистон (боронҳои сел) ба амал омада, тобистонаш аксаран хушк аст. Дарёҳои кӯҳии Албания (калонтаринашон Дрин, Семанӣ, Вйоса, Шкумбинӣ ва Матӣ) дорои захираи калони энергетикӣ буда, барои киштигардӣ мувофиқ нестанд. Кӯлҳои калони Шкодер, Охрид, Прес па қисман ба Албания тааллуқ доранд. Мурдобҳо низ бисёранд.

Хок ва олами наботот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хок ва олами набототи Албания ба чунин минтақаҳои табиӣ тақсим мешаванд:

  • минтақаи дашт ва нимбиёбон (то баландии 600 м), аз рустаниҳои гармидӯст таркиб ёфтаанд; б) минтақаи бешаҳои кӯҳӣ (то баландии 2000 м), ки аз дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарг – шамшод, булут, кастона, коҷи баргрез, санавбар иборатанд;
  • минтақаи марғзорҳои кӯҳӣ (дар баландии 2000 – 2500 м). Аз ҳайвонот дар ин ҷо бештар хирс, гург, шағол, хуки ваҳшӣ ва дар баландиҳо бузи кӯҳӣ дучор меояд. Парандагони мавсимӣ бисёранд. Дар Албания 6 боғи миллӣ, 24 мамнӯъгоҳ ва ёдгориҳои табиӣ ба қайд гирифта шу-даанд. Масъалаи ҷиддии экологӣ дар Албания нобудшавии бешазор, олудашавии обҳои дохилӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва хидмати маишӣ мебошад.
Роҳбарони чор фирқаҳои асосии динии Албания дар Париж, Фаронса баъд аз ҳамлаи Шарли Небду, 2015. Аз чап ба рост: суннӣ, православӣ, бектошӣ ва католикӣ.
Роҳбарони чор фирқаҳои асосии динии Албания дар Париж, Фаронса баъд аз ҳамлаи Шарли Небду, 2015. Аз чап ба рост: суннӣ, православӣ, бектошӣ ва католикӣ.

Дар Албания албаниҳо 95%, юнониҳо 3% ва дигар миллатҳо (валахҳо, сербҳо, лӯлиҳо, македониҳо) 2%-ро ташкил медиҳанд. Забони давлатӣ – албанӣ. Забони юнонӣ низ мавриди истифода аст. 70 фоизи аҳолӣ мусулмонони суннимазҳабанд, 20% мӯътақиди православие ва 10% эътиқодмандони дини католикӣ мебошанд. Афзоиши солонаи аҳолӣ 0,55% буда, муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи мамлакат зиёд аст. Аҳолии шаҳр – 47%. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ – 77 сол (занҳо – 80, мардҳо – 74,4). Зичии миёнаи аҳолӣ 123 нафар дар 1 км2, қисми зиёди аҳолии мамлакат дар соҳилҳои наздибаҳрӣ маскан гирифтаанд.

Аввалин бошандагони Албания пеласгҳо (давраи неолит), сипас иллириҳо (аз ҳазораи 2 то милод, давраи ба ном «Маданияти Малик») буданд. Дар асрҳои 7 – 3 то милод юнониён дар ин сарзамин якчанд колония барпо намуданд. Асрҳои 1 – 2 то милод ҳудуди ҳозираи Албанияро Рум истило кард. Дар ин давра муносибатҳои ғуломдорӣ равнақ ёфт. Баъди ҳуҷуми готҳо ва гуннҳо ба Рум ва барҳам хӯрдани империя Албания соли 395 ба ҳайати Византия дохил шуд. Аз охири садаи VI дар хоки Албания қабилаҳои славянӣ сокин шуданд. Аз садаи X то садаи XIII Албания бо навбат ба Булғория, Византия, давлати Норманҳо ва шоҳигарии Эпир тобеъ шуд. Дар охири садаи XIII – нимаи аввали садаи XIV қисми ғарбии Албания ба ҳайати шоҳигарии Неапол ва қисми шимолиаш ба ҳайати давлати Сербия дохил буд. Солҳои 1346 – 1355 Албанияро шоҳи Сербия Стефан Душан забт кард. Шаҳрҳои Дуррес, Шкодер, Дришти, Влёра, Берит ва Лежа муҳимтарин марказҳои ҳунар ва тиҷорат гардиданд. Баъди барҳам хӯрдани давлати Душан ҷангҳои байнихудӣ сар зада, Албанияро суст карданд ва ин боис шуд, ки онро туркҳо истило намоянд. Соли 1443 муборизаи албаниҳоро зидди туркҳо Георгий Кастриоти – мулаққаб ба Искандар бек сарварӣ кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки низои байни феодалҳои албанро фурӯ нишонда онҳоро муттафиқ кунад. Давлати Искандар бек дар давоми 25 сол фишори қӯшунҳои туркро дафъ намуд, аммо баъди вафоти ӯ туркҳо албаниҳоро шикаст дода, то соли 1479 қариб тамоми Албанияро ишғол карданд (он то нимаи садаи XIX дар ҳайати Империяи Усмониён буд). Танҳо кӯҳистони Албания мухторияти муайян дошта, ҳокимиятро дар онҳо шӯроҳои калонсолон таҳти сарварии «байрактар»-ҳо (байрақдорон) идора мекарданд. Дар ин давра зӯран исломро ҷорӣ мекарданд ва аз нисф зиёди аҳолӣ ба ин дин гаравиданд. Зидди ин зӯроварӣ ва зулми туркҳо деҳқонон шӯришҳо мебардоштанд (1481, 1537, 1571, 1708 – 1711, 1716 ва ғайра), вале бебарор буд.

Охири Албания 18 – аввали садаи XIX баробари заъиф гардидани Империяи Усмониён таъсири феодалҳои таҷзияталаби албан афзуд. Ибтидои садаи XIX хонадони пошшо Бушати дар шимол ва маркази мамлакат, Алипошшо Тепелен (вафот 1822) дар ҷануби Албания, инчунин Эпир ва ғарби Македония давлатҳои ниммустақили худро таъсис доданд. Аз солҳои 40 садаи XIX то солҳои 1912, замони фаро расидани бедории миллӣ аввалин намояндагони давраи Эҳёи Албания – Н. Вехилкарҷӣ, И. Де Рада, К. Кристофоридӣ, Т. Митко, Я. Врето, М. Фрашерӣ ва дигарон ба майдон омаданд. Аввалин мактабҳо, рӯзномаҳо, алифбои лотиниасоси албанӣ пайдо шуданд. Ҳаракати озодихоҳии дар нимҷазираи Балкан зуҳуркарда Албанияро ҳам фаро гирифт. Баъди муборизаи дуру дароз 10 июни 1877 дар Призрен ташкилоте бо номи Лигаи албан таъсис ёфт, аммо вақте, ки Лига аз ҳукумати Туркия алоқаро канда, талаби мухторияти Албанияро ба миён гузошт ва худ ро ҳукумати муваққатӣ ва мухтори албан эълон кард, ҳукуматдорони Туркия онро торумор намуданд (1881). Дар аввалҳои садаи XX Албания, чун музофотҳои дигари Туркия, манбаи рақобати Австрия, Италия, Юнон ва дигар давлатҳои манфиатҷӯ қарор гирифт.

Соли 1912 ҳангоми ҷанги якуми Балкан хоки Албания аз ҷониби қӯшунҳои Черногория, Сербия ва Юнон ишғол гардид. 28 ноябри 1912 Албания мустақил эълон шуд ва Ҳукумати муваққатӣ ташкил ёфт. Соли 1920 Албания бо дастгирии Бритониёи Кабир узви Лигаи миллатҳо шуд, аммо вазъи ноором дар мамлакат идома дошт. Сербия ва Юнон даъвогари ҳудуди худ дар Албания буданд (қӯшунҳояшон аз Албания солҳои 1922 ва 1924 бароварда шуданд). Дар миёнаи солҳои 20 Албания 20 Албания муборизаи байни либералҳо ва миллатчиёнро ба сар мебурд. Баъди инқилоби июнии соли 1924 пешвои либералҳо епископ Феофан Нолӣ сари қудрат омад ва як қатор ислоҳот гузаронд. Аммо декабри ҳамон сол пешвои миллатчиёни мусулмон Албания Зоғу аз хориҷи кишвар кӯшун дароварда, дар Албания табаддулот ба амал овард, либералҳоро аз сари қудрат дур кард. 21 январи 1925 Албания ҷумҳурӣ эълон шуда, баъди 10 рӯз Маҷлиси Миллӣ Зоғуро президент интихоб намуд. Конститутсияи нав (7 марти 1925) ба Зоғу имкониятҳои беҳудуд дод ва 1 сентябри 1928 Маҷлиси муассисон ӯро «шоҳи албаниҳо» эълон кард. Зоғу гарчанде бо либералҳо зоҳиран созиш мекард, дар асл бо Италияи фашистӣ паймон баста, мамлакатро ба манбаи «ашёи хоми» он табдил дод: қисми бештари иқтисоди Албания дар дасти ширкатҳои италиявӣ буд. 7 апрели 1939 Албанияро Италияи фашистӣ забт карда, ба ҳайати худ даровард. Зоғу аз мамлакат фирор кард. Конститутсияи ҷорӣ бекор карда шуда, шоҳи Италия Виктор Эммануил ҳамзамон шоҳи Албания эълон гардид. Ҳизби фашистии маҳаллӣ, гвардияи шоҳӣ, 4 легиони фашистии милитсия таъсис ёфтанд.

Баъди шикасти Югославия ва Юнон соли 1941 Албания ба Косово ва баъзе ноҳияҳои ғарби Македония (ки моли Югославия буд) ва округи Чамерия (моли Юнон) соҳиб гашт. Соли 1941 ҳаракати Муқобилат таъсис ёфт ва зуд нерӯ гирифт. Ҷавҳари онро коммунистони СССР ва албанӣ (ноябри 1941 Ҳизби коммунистии Албания – ҲКА-ро таъсис дод) ташкил мекард ва он аз ҷониби Коминтерн дастгирӣ меёфт. ҲКА-ро Э. Хоҷа сарварӣ мекард. Баъдтар Фронти миллии озодихоҳӣ (1943), Шӯрои зиддифашистии миллии озодихоҳӣ (1944) ташкил ёфта, 17 ноябри 1944 Тирана ва 29 ноябр тамоми Албания озод карда шуд (20 ноябр дар Албания Рӯзи иди миллӣ аст). Мамлакат минбаъд бо роҳи сотсиализм рафтанашро изҳор кард. 11 январи 1946 Албания Республикаи халқӣ эълон шуда, ҲКА номи Ҳизби меҳнати Албания (ҲМА)-ро гирифт ва он тамоми иқтисоди кишварро дар даст медошт. Э. Хоҷа ва тарафдоронаш зидди та моюли ғарбгароӣ, аз ҷумла самтгирӣ сӯи Югославия буданд. Феврали 1949 Албания узви Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ва Ташкилоти Аҳдномаи Варшава (майи 1955) гардид. Соли 1962 Албания аз ҳайати ташкилотҳои иқтисодии зикршуда баромад, муносибатҳои иқтисодиашро бо СССР (1960) ва бо ҶХХ (охири солҳои 70) барканд ва ин ҳама иқтисоди Албанияро дар солҳои 80 садаи XX хеле суст гардонд. Э. Хоҷа ба террори зидди роҳбарияти давлатию ҳизбӣ шурӯъ кард. Сарвазир Шехуро, ки ба худкушӣ даст зад, расман ҷосуси Югославия эълон карда, чандин ҳамсафон ва тарафдорони ӯро ба қатл расонд. Охири соли 1982 Рамиз Алия президенти Албания интихоб шуд. Ӯ баъди марги Хоҷа (апрели 1985) самти беҳ кардани муносибат бо давлатҳо, махсусан бо ҳамсоядавлатҳоро пеш гирифт.

Артиши Албания бо танки T-59 дар наздикии марзи Косово, майи 1999 (Роберт Райт)
Артиши Албания бо танки T-59 дар наздикии марзи Косово, майи 1999 (Роберт Райт)

Инқирози системаи сотсиалистӣ дар Европаи Марказӣ ва Шарқӣ дар охири солҳои 80 – ибтидои солҳои 90 садаи XX ба Албания низ бетаъсир намонд. Аз январи 1990 дар Албания ба муносибатҳои бозорӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба кишварҳои дигар иҷозат дода шуд. Июли 1990 муносибат бо СССР барқарор гардид. Дар кишвар системаи бисёрҳизбӣ ҷорӣ шуд. Ниҳоди ҳукмравоии ҲКА дар ҳукумати кишвар суст шуда, оппозитсия Ҳизби демократиро (ҲД) таъсис дод ва гузарондани интихоботи парламентиро ба миён гузошт (марти 1991, ин аввалин интихоботи кушод буд баъди соли 1923). Мамлакат Ҷумҳурии Албания ном гирифт. Р. Алия боз Президент интихоб шуд. Соли 1991 ҲМА ва ҲДА, ки бо ҳам коалитсия (паймон) ташкил карда буданд, душвориҳои иқтисодиро таҳаммул карда натавонистанд. Алия истеъфо дод. Пешвои демократҳо Бериша Президент интихоб шуд, ӯ самти аз ҷудогузории беруна наҷот ёфтанро пеш гирифт. Соли 1991 Албания узви САҲА (ОБСЕ) ва 1995 узви Иттиҳоди Европа шуд. 97% фоизи заминҳои корам хусусӣ гардонда шуд. Дар шароити бӯҳрони молиявӣ, решаронии ришва, сар боло кардани гурӯҳҳои ҷиноӣ беҳ намудани вазъи иқтисодӣ душвор гардид. Ҳукумат маҷбур шуд ба маҳдуд кардани ҳуқуқҳои демократӣ, назорат аз болои ВАО ва ҳатто сохтакории натиҷаи интихобот (1996) рӯ оварад. Соли 1997 дар саросари мамлакат балвоҳо сар зада, дар маҳалҳо ҳокимиятро гурӯҳҳои мусаллаҳ идора мекарданд. Роҳбарияти Албания аз НАТО дархост кард, ки он ба мамлакат қувваҳои мусаллаҳи худ – контингенти ҳайати италиявиашро ворид кунад. Дар интихоботи соли 1997 ҲСА ғолиб омада, сотсиалистҳо сарвазир Ф. Нано ва президент Р. Мейданиро сари қудрат оварданд. Соли 1998 Қонуни нав қабул шуда, Албания ҷумҳурии парламентӣ гашт. Албания соли 2009 узви НАТО гардид. Масъалаи Косово ва гурезагони дар Албания ҷойгирифтаи он мушкили имрӯзаи мамлакат аст.


Истиқлолият

Ҳукумати вилоятӣ

Князгарии Албания

Ҷумҳурии Албания

Шоҳигарии Албания

Истилои Албания аз ҷониби Италия

Албания дар зери идораи Германия

Ҷумҳурии Халқии Сотсиалистии Албания

Ҷумҳурии Албания
1912 1912-1914 1914-1925 1925-1928 1928-1939 1939-1943 1943-1944 1944-1992 Оғоз аз соли 1992
Корхонаи истеҳсоли семент дар Фруше-Круҷе
Корхонаи истеҳсоли семент дар Фруше-Круҷе

Албания мамлакати индустриявӣ-аграрӣ буда, ҳоло низ яке аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомондаи Европа ба ҳисоб меравад. Дар Албания соҳаи сӯзишворию энергетикӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Қариб 97 фоизи қувваи барқ (6 млрд квт/соат дар як сол) дар нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол карда мешавад (калонтарин нерӯгоҳҳои Албания «Фиерза» ва «Команӣ» дар дарёи Дрин). Корхонаҳои калонтарини саноатии Албания: комбинати металлургӣ дар Элбасан, корхонаи мисгудозӣ дар Лячи, заводи прокати мис дар Шкодер, комб. истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Лячӣ ва Фиерӣ, комплекси химиявӣ дар Влёра, заводҳои асфалту битум дар қисми ҷанубу ғарбӣ, фабрикаи коркарди чӯб ва мебел дар Элбасан; фабрикаҳои саноати бофандагӣ дар маркази мамлакат ва ғайра.

Чорводорӣ. Манзара аз деҳоти Албания
Чорводорӣ. Манзара аз деҳоти Албания

Кишоварзӣ соҳаи асосии Албания буда, зиёда аз 30 фоизи даромади миллиро медиҳад. Ҳоло (2010) 49 фоизи қаламрави Албанияро заминҳои кишоварзӣ банд намудаанд. Қисми зиёди заминҳои корам дар ҳамвориҳои наздисоҳилӣ ва пастии Корча ҷойгир шудаанд. Ҳиссаи заминҳои обёришаванда хеле зиёд буда, 55 фоизи майдони киштро дар бар мегиранд. Зироатҳои муҳими киштшаванда: ғалладона (гандум, ҷуворимакка), зироатҳои техникӣ (пахта, тамоку, лаблабуи қанд), сабзавоту хӯроки чорво (пастии Корча). Боғу токзорҳо (себ, нок, олу, ангур, анҷир, афлесун, бодом ва ғайра) солҳои охир хеле зиёд шуда, бештар дар ноҳияҳои кӯҳсор (Влёра, Корча) ҷойгиранд. Дар баландиҳои наздикӯҳӣ ва теппаҳо плантатсияҳои дарахтони зайтун ва тамокузорҳо масоҳати хеле зиёдро ишғол намуда анд. Қариб дар тамоми гӯшаҳои Албания чормағз, ғор вомехӯранд. Хоҷагии ҷангал асосан дар Шимол Албания инкишоф ёфтааст. Чорводорӣ дар Албания ба шакли анъанавӣ буда, чун дар дигар мавзеъҳои кӯҳистони ҷаҳон чорво тобистон дар баландкӯҳ ва зимистон дар водиҳо чаронида мешавад. Дар чорводории мамлакат моли майда (бузу гӯсфанд) бештар аст. Моҳипарварӣ дар кӯлҳои Шкодер, Охрида, Преспа ва кӯлҳои дигари наздисоҳилӣ ба роҳ монда шудааст.

Тирана. Фурудгоҳи Байналмиллалии Модар Тереза
Тирана. Фурудгоҳи Байналмиллалии Модар Тереза

Дар Албания нақлиёти худрав бартарӣ дорад, шоҳроҳҳои асосии он: Шкодер – Дуррес – Влёра – Саранда аз соҳили дарёҳою қисми кӯҳистони мамлакат мегузарад. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард ба 18 ҳазор км ва роҳҳои оҳан ба 447 км мерасад. Дар Албания 8 аэропорт мавҷуд аст, аэропорти байналхалқӣ – Ринас. Дарозии роҳҳои нақлиёти обии дохилӣ 43 км. Равобити иқтисодии Албания бештар бо Италия, Юнон, Туркия ва Германия сурат мегирад. Қариб тамоми ҳаҷми савдои берунии Албания бо нақлиёти баҳрӣ ва ба воситаи бандарҳои Дуррес, Влёра, Сарандон, Шенгинӣ анҷом дода мешавад. Қубурҳои интиқоли нефт – 207 км, газ – 339 км. (2010). Албания маҳсулоти бофандагӣ, пойафзор, металлҳои гуногун, нефт, мева, сабзавот ва тамоку ва ғайраро содир, мошинаю таҷҳизот, маҳсулоти химиявӣ ва хӯроквориро ворид мекунад. Ба мамлакат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ маблағи зиёд ворид мешавад. Сатҳи зиндагии аҳолӣ паст аст.

Ба соҳаи тандурустӣ 4% ММД сарф мешавад.

Дар Албания варзиш низ мақом дорад. Комитети олимпии Албания аз ҷониби Комитети олимпии байналхалқӣ соли 1959 эътироф шудааст, намудҳои тирандозӣ ва варзиши вазнин бештар маъмуланд.

Илм ва маориф

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мактаббачаҳои Албанӣ
Мактаббачаҳои Албанӣ

Дар тамоми мамлакат системаи таҳсилоти умумии ҳатмии 8-сола (синни 6 – 14-сола) ҷорӣ гардидааст. Соли 1957 донишгоҳ дар Тирана ва минбаъд донишгоҳҳои омӯзгорӣ дар Шкодер (1958), Гирокастр ва Элбасан (1971), донишгоҳҳои кишоварзӣ дар Тирана ва Корча ба кор шурӯъ намуданд. Соли 1973 дар Албания Академияи илмҳо таъсис ёфт. Китобхонаҳои калонтарини Албания: Китобхонаи миллӣ (1922), Китобхонаи Донишгоҳи ТиранАлбания Осорхонаҳои АЛБАНИЯ асосан дар Тирана ҷой гирифтаанд: Музейи маданияти миллии албан, Нигористони саноеи нафиса, Музейи миллии археологияи назди Институти археологияи АИ (1948), Музейи таърихи миллӣ (1981), Музейи табиатшиносӣ; Музейи санъати меъморӣ, Музейи уқнуманигории «Онуфрий» (дар шаҳри Берат) ва ғайра. Дар аксари шаҳрҳои Албания музейҳои маҳаллии таърихӣ ва этнографӣ, хонамузейҳо фаъолият доранд.

Матбуот, радио, телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин рӯзнома ва маҷаллаҳо дар Албания солҳои 1920 – 1930 нашр мешуданд. Дар мамлакат наздики 100 рӯзнома (11 номгӯй дар Тирана) ва маҷалла ба табъ мерасад; калонтаринашон: «Ril-india Demokratike», «Republika», «Al-ternativa SO». Радиошунавонӣ ва намоишҳои телевизиониро як шабакаи давлатӣ ва 10 ширкати хусусӣ (асосан шабакаҳои иттилоотии ҳизб ҳо) ба амал мебароваранд.

Саҳифаи аввали китоби "Достон дар бораи ҳаёт ва корнамоии Эпира Скандербеги". 1508
Саҳифаи аввали китоби "Достон дар бораи ҳаёт ва корнамоии Эпира Скандербеги". 1508

Дар адабиёти Албания манзума ва достонҳо бахшида ба паҳлавонҳо ва сурудҳои таърихӣ фаровонанд. Нахустин осори хаттии албанӣ, ки то имрӯз боқӣ мондааст, «Формулаи ғусли таъмид»-и епископ Палячи Энгели (1462) мебошад. Аввалин асари Гйон Бузуку ба забони албанӣ бо номи «Мэшарӣ» соли 1555 ба табъ расида буд. Асрҳои 16 – 17 давраи инкишофи адабиёти динист. Дар назми ин давра таъсири мавзӯъ ва образҳои адабиёти форсию туркӣ ба назар мерасад. Асри 18 дар Берат назми ба ном «бейтеҷӣ» интишор ёфт (ба забони албанӣ ва бо хати арабиасос), ки саршор аз ғояҳои маорифпарварӣ буд. Дар адабиёти Албания эҷодиёти абарешҳо – муҳоҷирони нимаи дуюми садаи XVI ба Италияи Ҷанубӣ (Колабрия, Ситсилия) ҳиҷраткарда мавқеи хос дорад, ки ҷавҳараш эҳсоси ватандӯстӣ ва романтизм аст. Ташаккули забони адабии муосир, адабиёт ва публитсистикаи Албания дар даврони бедорию худшиносӣ ва эҳёи миллӣ сурат гирифт. Асосгузори алифбои албанӣ маорифпарвар Наум Вехилкарҷӣ (1797 – 1866) мебо-шад. С. Фрашерӣ, К. Кристофоридӣ – тартибдиҳандагони грамматикаи забони албанӣ барои тоза кардани он аз аносири юнонӣ ва туркӣ кӯшиш кардаанд. Дар ин давра асари «Таърихи ҳаёт ва корнамоиҳои Скандербег»-ро нависандаҳои инсондӯст П. Будӣ, Ф. Барде, П. Богданӣ ва М. Барлети таъ-лиф намуданд. Муборизаи албаниҳо бар зидди зулми туркҳо шавқу рағбатро ба эҷодиёти халқ зиёд кард. Яке аз асосгузорони адабиёти нави Албания С. Фрашерӣ буд, ки асарҳои ӯ достони «Рама ва киштзор», «Саргузашти Скандербег» ва ғайра шуҳрати калон пайдо намудаанд. Дар байни нависандагони садаи XIX албан И. Де Рада мақоми намоён дорад. Шоирони барҷастаи реалисти Албания 20 А. Чаюпӣ ва Н. Мйедӣ тарафдори истиқлоли миллӣ ва муборизаи албанҳо бар зидди асоратгарон буданд. Бисёр асарҳои шоирону нависандагони албанӣ ба мавзӯи истиқлоли миллӣ ва муборизаи зидди истилогарони аҷнабӣ бахшида шудаанд (махсусан, асарҳои солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар мавзӯи мубориза ба муқобили фашизм, корнамоиҳои партизанӣ; (романи Д. Шутеричӣ «Озодкунандагон», 1952 – 1955, П. Марко «Охирин шаҳр», 1960). Аз нависандагони замони охир Исмоил Кадаре (тавари 1935), муаллифи 15 роман (ба 40 забони дунё тарҷума шудааст) машҳур мебошад. Ӯ дар адабиёти Авупои муосир нақши арзанда дорад. Дар соҳаи нақди адабӣ ва тазкирасозӣ асарҳои олим ва мунаққид Роберт Эйфел «Таърихи адабиёти албан» (Нйю-Ёрк, 1995) ва «Таърихи мухтасари адабиёти албан» (2005, Германия), ки осори адибони бузургу ҷавони миллатро гирдоварӣ ва таҳлил кардааст, хидмати бузургест барои фарҳанг. Асарҳои солҳои охир аксар оид ба мавзӯи дигаргунсозии иҷтимоӣ, ҳифзи табиат, ҳаёти одамо-ни мамлакат баҳс мекунанд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Албания. Либосҳои деҳқонон. Перси Андерсон, 1906.
Албания. Либосҳои деҳқонон. Перси Андерсон, 1906.

Аз замони антиқа то имрӯз намунаи мегалитҳо (сангҳои калонҳаҷм), ки осори меъмории иллириҳоро акс намудаанд, ёфт шуданд. Дар Албания аз садаи VII то милод бисёр истеҳкомҳои мудофиавӣ, биноҳои ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ сохта шуда, аз колонияҳои юнонии Апполония, Бутротон, Диррахӣ (ҳоло Дуррес) муҷассамаҳо ва намунаҳои ашёи кулолӣ боқӣ мондаанд. Дар даврони ҳукмронии римиҳо шаҳрқалъаҳо, маъбадҳо (бо услуби византиягиву романӣ) сохта мешуданд. Баъди истилои туркҳо ба меъмории Албания шаклу ороишоти хоси услуби Шарқи Наздик ворид гашт, масҷиду қасрҳо пай-до шуданд. Дар шаҳрҳои ҳозираи Албания маҳаллаҳое ҳастанд, ки шакли асримиёнагии худро нигоҳ доштаанд. Охири садаи XVII маъбадҳои православӣ низ сохта мешуданд (дар онҳо уқнумнигорӣ ривоҷ ёфт). Дар аввали садаи XX баъди пешравии ғояҳои миллӣ санъати наққошӣ ва ҳайкалтарошӣ авҷ мегирад. Аз солҳои 20 садаи XX аввалин муҷассамаҳои гуногуни аз санг ва дигар масолеҳ сохташуда равнақ меёбад. Байни ду ҷанги ҷаҳонӣ якчанд мактабу равияҳои санъати меъморию тасвирӣ пайдо шуда то имрӯз рушд доранд (машҳуртаринаш зери роҳбарии Зеф Коломбӣ). Санъати ороиши амалии Албанияро бештар намунаи асбобу ашёи нуқрагӣ ва дигар ҳунарҳои халқии замонҳои пеш ва намунаҳои эҷоди ҳунармандони имрӯза инъикос менамоянд.

Театр ва кино

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин намоишҳои театрӣ дар мамлакат соли 1874 барпо гаштаанд. Драматургияи миллиро нависандагони маорифпарвар С. Фрашерӣ, М. Грамено, Ф. Нолӣ, Албания Чаюпӣ ва дигарон ривоҷ доданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 1944) театрҳои партизанӣ вуҷуд дош танд. Соли 1944 дар асоси ҳамин театрҳо аввалин театри касбӣ – Театри халқӣ дар Тирана ташкил гардид. Театрҳои касбӣ дар шаҳрҳои Шкодер (1949), Корча (1950) ва Дуррес (1953) низ ташкил шудаанд. Аз солҳои 50 садаи XX киностудияи «Албанияи нав» (Тирана) кор мекунад. Филми «Сарбози бу-зурги Албания Скандербег» аввалин таҷриба буд дар соҳаи кинематографияи бадеӣ. Аз соли 1958 филмҳои пурраҳаҷми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва илмию оммавӣ (хеле кам) бароварда мешаванд.[1]

Марияи девона оишаи қошқ аҳмади кала мустафои чстк

  • Валев Э. Б., Албания, Москва, 1960;
  • Все страны мира (Энциклопедический справочник), Москва, 2004;
  • Новая Российская Энциклопедия, ҷ. 2, Москва, 2005;
  • Страны мира (современный справочник), Москва, 2008.
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, - соли 280-283 / Х. Муҳаббатов.