Jump to content

Албом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Албом (аз лот. album — сафед) — воситаҳои аёние, ки аз маҷмӯи сурат, расм, гербарий, нақша ё дигар тасвирот иборат буда, ба мавзӯи муайян, фасл ё пурра ба барномаи ягон фан бахшида шудааст. Албомҳо доир ба расмкашӣ, адабиёт, таърих, география, биология, технология ва баъзе дигар фанҳо чоп карда мешаванд. Албомҳоро ба шакли китоб ё нақшадон (ҷузвдоне, ки дохили он варақҳои алоҳида гузошта шудаанд) тайёр мекунанд. Агар андозаи Албом ва тасвироти он калон (аз масофаи нисбатан дуртар дида шаванд) бошанд, он гоҳ онҳоро чун воситаи аёнӣ истифода мебаранд ва агар тасвирҳо хурд бошанд, он гоҳ Албомҳоро барои кори мустақил ба талабагон тақсим карда медиҳанд. Дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олӣ баъзан Албомҳое месозанд, ки дар онҳо мақола аз рӯзномаю маҷаллаҳо, маводи ба собиқадорони ҷангу меҳнат ё кишвари азиз бахшидашуда, ба таҷрибаи истеҳсолӣ, меҳнати фоиданок вобастабуда ва ғайра гирд оварда мешаванд; 2) дафтаре, ки муқоваи махсус дорад ва барои нақшакашӣ, навиштани шеърҳо, ҷой додани коллексияҳо, суратҳо ва ғайра истифода мешавад.