Аппалачӣ
англ. Appalachian Mountains | |
Қитъа | Амрико |
---|---|
Кишвар | |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Newfoundland and Labrador[d], Квебек[d], Шотландияи Нав, New Brunswick[d], Мэн, Ню-Ҳэмпшир, Вермонт, Массачусетс, Коннектикут, иёлати Ню-Йорк, Пенсилвания, Мэриленд, Вирҷиния, Вирҷинияи Ғарбӣ, Оҳайо, Кентукки, Теннессӣ, Ню-Ҷерси, Каролинаи Шимолӣ, Каролинаи Ҷанубӣ, Ҷорҷия, Алабама ва Сен-Пиер ва Микелон[d] |
Баландтарин нуқта | Mount Mitchell[d] |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 2 037 ± 1 км |
Time period | Ordovician[d] |
Дарозӣ |
|
Бар | 480 км |
List related to category | list of subranges of the Appalachian Mountains[d] |
Гурӯҳ барои назари элемент | Category:Views of the Appalachian Mountains[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аппалачӣ (Appalachian Mountains), системаи кӯҳҳо дар Шарқ Америкаи Шимолӣ, дар ҳудуди ИМА ва Канада. Аз самти ҷанубу ғарбӣ ба шимол шарқӣ 2600 км (аз 49° то 33° садаи ш.) тӯл кашидааст. Қаторкӯҳҳои асосиаш: Кабуд, Сафед (Уайт Маунтинс), Сиёҳ (Блэк-Маунтинс), инчунин Адирондак, Нотр-Дам, Юнака ва паҳнкӯҳҳои Аппалачӣ. Баландии миёнаи қаторкӯҳҳои Аппалачӣ 1300 – 1600 м (баландтаринаш қ-и Митчелл – 2037 м).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аппалачӣ дар давраи палеозой шакл гирифта, дар давраи кайнозой таҳаввул кардааст. Қисми шимолиаш гирифтори яхбандӣ шуда, ҷанубиаш бо иқлими нарму намнокаш бетағйир мондааст, ки мӯҷиби боқӣ мондани бешазорони анбӯҳ (аз ҷиҳати намуди дарахтон ва ҳайвонот ғанӣ) гаштааст. Аппалачиро ба Аппалачии Шимолӣ (якҷоя бо кӯҳҳои Ниюфаундленд) ва Аппалачии Ҷанубӣ (пастиҳои дарёҳои Гудзон ва Мохокро дар бар мегирад) ҷудо мекунанд. Самти ҷанубу шарқӣ ва шимолӣ аз ҷинсҳои кристаллии палеозой (гнейсҳо, варақсангҳои кристаллӣ, кварсит), ҷанубӣ ғарбиаш аз оҳаксангу регсанг таркиб ёфтааст. Ғорҳо ва чуқуриҳои қифшакли карстӣ бисёр вомехӯранд (ғори Мамонт дар штати Кентуккӣ).
Иқлими Апполачӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими Аппалачӣ аз таъсири Уқёнуси Атлантик нарм аст, дар шимол – мӯътадил, дар ҷануб – субтропикӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз – 12°С дар шимол то 8°С дар ҷануб, июл – мувофиқан аз 18°С то 26°С аст. Боришоти солона 1000 – 1300 мм. Зимистони кӯҳҳо сард ва сербарф, тобистон – сернам ва сербориш. Аппалачиро бешаҳои паҳнбарг, омехта ва сӯзанбарг пӯшондаанд. Набототи табиию аслии Аппалачӣ танҳо дар нишебиҳои дастнораси кӯҳҳо маҳфуз мондаанд. Боқимонда макони бешаҳои навбунёд, чарогоҳҳо, заминҳои кишт (дар водиҳо) ва маҳалҳои истиқоматию шаҳрҳо мебошанд.
Туризм дар Аппалачӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба шарофати хуб ба роҳ монда шудани корҳои бешабарқароркунӣ Аппалачӣ минтақаи муҳими хоҷагии ҷангал ҳисоб меёбад. Аппалачӣ инчунин минтақаи туризм, лижаронӣ ва намудҳои обии варзиш аст. Паркҳои миллии Шенандоа, Грейт-Смоки – Маунтинс ва махсусан «пайроҳаи Аппалачи», ки қад-қади қуллаҳо аз кӯҳи Киттатинни то кӯҳи Спрингер ба масофаи 3400 км тӯл мекашад, ҷолиби диққати сайёҳон аст. Дарёҳои калонтаринаш: Коннектикут, Гудзон, Теннессӣ, Огайо, Мохок (бо водиҳои бузурги тектоникӣ). Сарватҳои зеризаминии Аппалачӣ: ангиштсанг, нефт, гази сӯзанда, маъдани оҳан, руҳ, нуқра ва ғайра.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аппалачӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.