Jump to content

Барбарҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барбарҳо
Шумора
  • тақрибан 24 000 000 тан
Сукунат
Забон Berber[d]
Дин суннӣ, масеҳият ва яҳудият
Ҷузъе аз Afroasiatic peoples[d]
Гурӯҳҳои қавмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Барбарҳо (аз юн. βάρβαροι, лот. barbari; номи қавмӣ амазиг, амахаг — «мардони озод[1]», мозиған; қаб. Imaziɣen) — мардумони бумии Африқои Шимолӣ.

Мансубияти ирқии Б., ки баъди футӯҳоти араб дар шим. Африқо роиҷ гардида буд ва ибтидоан аз тарафи аъроб ба маънои «ғайриараб», «кофир» ба кор мерафт, набояд аз калимаи юн. barbaros – барбар (аҷнабӣ) ваҷҳи тасмия дониста шавад. Маъмулан, урупоиён барои надонистани забони эшон ба амсилаи варвар онҳоро Б. номгузорӣ кардаанд. Юнониён қавмҳоеро барбар мегуфтанд, ки забонашон аз забони юнонӣ комилан тафовут дошт ва барояшон аҷибу ғариб менамуд. Румиҳо қавмҳои бегона ва душманро Б. меномиданд. Маъмулан, аз қадимулайём шимоли Африқоро сарзамини Б. мегуфтанд ва дар нақлу ривоёти исломӣ доир ба Б. ва қалъае ба номи Барбар қиссаҳо мавҷуданд. Дар бораи мансубияти қабоили Б. ба миллате дар байни муаррихон то ҳанӯз ҳам ақидаҳои мухталиф мавҷуданд; гурӯҳе онҳоро қибтиён (мисрӣ), бархе мардуми Шому Фаластин ва иддае тоифаи канъониён донистаанд. Теъдоди умуми нуфуси онҳо дар ибтидои садаи 21 бештар аз 17 млн нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумла дар Марокаш беш аз 10 млн нафар аз қабилаи тамазигтҳо, дар Алҷазоир тақр. 6 млн нафар – қабоили нефуса ва туарегҳо, Тунис (Ифриқия) ва ҳавзаи Ҷерба 100 ҳазор нафар (ҷербаиҳо, матматаҳо), Мавритания 25 ҳазор нафар (занота) ва 5 ҳазор нафар дар Миср, Мали ва Нигерия будубош доранд.

Асосан ба забони барбарии гӯиши либиёӣ (лубнонӣ) такаллум мекунанд. Забонҳои арабӣ ва фаронсавӣ низ фаровон ба кор мераванд. Хатташон лотинӣ ва алифбои арабиасос аст. Эътиқодмандон суннимазҳабони моликиянд. Ҳамчунин пайравони дини яҳудӣ ва насрониёни католик низ ҳастанд. Баъзе боварҳои тоисломӣ низ роиҷанд. Аз Б. дар маъхазҳои Мисри Қадим ёд шудааст. Дар масири солиён таъсири маданияти финиқӣ, юнонӣ ва румӣ ба ин мардум бармало эҳсос мегардад. Румиҳо ва олмониҳо дар қарнҳои мутамодӣ бар сарзаминҳои Б. мусаллат буданд ва то фатҳи аъроб шим. Африқо ҳанӯз бахши муҳимми ин сарзамин дар дасти фарангиён буд. То футӯҳоти араб қабоили Б. ба гурӯҳҳои занота – кӯчиёни шутурпарвар ва санҳоҷа – кишоварзону чорводорон тақсим шуда, фарқи забонӣ ва тарзи хосси зиндагӣ доштанд.

А-ҳои 7–12 аксари Б.-ро аъроб ба навоҳӣ танг карда, наслан омезиш дода, забони арабӣ, дини ислом ва маданияти худро ҷорӣ карданд. Минбаъд танҳо қисмати мардуми Мағрибро, ки забонҳои барбарӣ ва худогоҳии нажодиро ҳифз карда буданд, Б. мегуфтанд. Нахустин давлати ниммустақил ва баъдҳо мустақиле, ки дар шим. Африқо ба вуҷуд омад, давлати Идрисиёни шиамазҳаб буд ва дар ҳимояти Б. қарор дошт. Аммо давлатҳои Барғавота (дар соҳили Баҳри Атлас), Никур (дар Риф), Банӣ Зирӣ, Банӣ Ҳамуд, Муробитун, Муваҳҳидун, Банӣ Зиён ё барбарӣ буданд ё аз тарафи онҳо идора мешуданд. Байнашон ҳамеша даргириҳо вуҷуд доштанд ва ин мухолифат сабабгори он шуд, ки давлати ягона ба вуҷуд наояд. Кӯшиши Фотимиён барои тасаллут бар Б. бенатиҷа монд.

Аксарияти мардуми мутааллиқи Б. деҳотӣ буда, дар воҳаҳою кӯҳдоманҳо зиндагии нимкӯчӣ ва ниммуқимӣ доранд. Муқимиён ба зироаткорӣ, боғпарварӣ, полезбонӣ, зайтуну хурмопарварӣ ва кӯчиён ба чорводорӣ – бузу гӯсфандпарварӣ, шутурдорӣ, аспу говпарварӣ машғуланд. Ҳамчунин кулолӣ, заргарӣ, силоҳсозӣ, кандакорӣ, даббоғӣ ва нассоҷии пашмию мӯинагӣ ривоҷ ёфтааст. Бархе аз мардум дар мамолики Аврупо – Испания, Фаронса ва диг. кишварҳо мардикоранд. Хонаводаҳояшон сернуфус буда, майлони падаршоҳӣ доранд. Маъмулан дар соҳилҳои дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Дар деҳоти кӯҳдоманӣ хонаҳои сангин дар гирдогирди сахраҳо сохта шудаанд. Ҳанӯз қисме аз кушкҳои манорадор (ксур, касба, тигремт) ва хазина – ганҷинаҳои ғалланигоҳдории умум ҳифз шудаанд. Кӯчиён дар чодарҳои чармӣ ва хаймаҳои аз пашми гӯсфанд ва мӯинаи буз бофташуда зиндагӣ мекунанд. Дар Ифриқия бархе аз Б. дар заминканҳо мезистанд.

  1. Народы мира. Люди, культуры, образы жизни. пер. с немецкого Л. Кайсарова // «Die Volker der Erde». —
    {{{1}}}
    : Аст, Kunth, 2009. — С. 54. — 143 с. — 3 000 экз. — ISBN 978-5-17-059220-3.
  • Толстов С. П. К вопросу о периодизации истории первобытного общества // Советская этнография. М., 1946;
  • Сергеев М. С. Берберы Северной Африки: прошлое и настояще. М., 2003;
  • .دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج. ۲. تهران، ۱۳۸۱؛
  • آریانا. دائرةالمعارف. ج ۲. کابل، ۱۳۸۷.