Jump to content

Карафс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карафс
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Apium graveolens L., 1753
Вазъияти ҳифз

Карафс ё карафш (лот. Ápium graveólens) — гиёҳест дусола, ки дар ошпазӣ корбурд дорад.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби О. В. Томе «Flora von Deutschland, Österreich und der Schweiz», 1885

Аз 20 то 150 см қад мекашад. Пояаш рост, сершох; баргаш пармонанд, гултӯдааш чатрнамо, гулаш майдаи сафед ё сабзтоб. Моҳи июл гул карда, донаш август — сентябр мепазад. Одатан дар заминҳои партов, канори ҷӯй, рӯди кӯҳӣ, обанбор ё шибару ботлоқҷойҳо мерӯяд. Дар кӯҳи Мевағул, қаторкӯҳҳои Туркистон ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 400—1500 м) вомехӯрад.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Карафс гиёҳи доруии қадимист. Реша ва тухми онро аз қадим чун воситаи пешоброн истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино карафс варамҳоро мегардонад, қабзиятро мекушояд, арақ меоварад ва дардро таскин мебахшад, барои сулфа, зиқи нафас, ҷигар ва сипурз муфид аст, пешоб ва ҳайзро меронад. Ҳама қисмҳои карафс гурда, масона ва бачадонро тоза мекунад. Тухми карафс барои обхӯра давои хуб аст, қабзияти ҷигар ва сипурзро рафъ месозад, давои бодрон, киҷҷарон ва пешоброн мебошад. Дарди санги гурда, масона ва миёнро таскин мебахшад. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» қисми аз ҳама пуртаъсири карафс реша, сипас тухм ва барги он мебошад. Тухми карафс то 2 сол ва решааш то 3 сол қобилияти шифобахширо гум намекунад.

Дар тибби халқӣ нақеъи решаи карафсро ҳангоми заъфи узвҳои ҳозима, камиштиҳоӣ ва чун омили исҳоловар рӯзе 3 — 4 маротиба 1 чумча менӯшанд. Шираи решаи тару тозаи онро ҳангоми бемориҳои гурда, нақрис, асабдард, тарбод, саглес ва илтиҳоби пӯст (рӯзе 3 маротиба 1 — 2 қошуқча 30 дақиқа пеш аз хӯрок) тавсия медиҳанд. Чойи меваи карафсро ҳангоми нафастангӣ, ҳиккак ва чун воситаи қайбанд менӯшанд. Аз барги тару тозаи карафс доруи пешоброни «Сукапичравеол» тайёр мекунанд.

  • Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967;
  • Марков В. М., Овощеводство, М., 1974;
  • Василенко Н. Г., Знаете ли вы эти овощӣ?, М., 1975;
  • Чиков П. С., Лаптев Ю. П., Витаминные и лекарственные растения, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.